Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:58

Вазири умури хориҷаи ИМА аз Душанбеву Тошканд дидан кард

24 октябр 2011, 04:18

Ҳилларӣ Клинтон пас аз анҷоми сафараш дар Душанбе озими Тошканд шуд.


Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, вазири умури хориҷаи ИМА дар Ӯзбакистон бо райисҷумҳури ин кишвар Ислом Каримов дидору гуфтугӯ кард. Гуфта мешавад, хонум Клинтон зимни вохӯрӣ аз раҳбари Ӯзбакистон тақозо кардааст, ки ба риояи ҳуқуқи инсон дар кишвараш арҷ гузорад ва ба нақзи ҳуқуқи башар роҳ надиҳад. Маврид ба ёдоварист, президенти Ӯзбакистон пас аз воқеаҳои хунини соли 2005-и Андиҷон дар нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам дониста шуд.  Хонум Клинтон, ки баъди боздид аз Тоҷикистон шоми шанбе (22 октябр) бо Каримов дар Тошканд мулоқот кард, аз баландтарин мақомҳои ҳукумати Амрикост, ки баъди бардошта шудани таҳримҳои ҳафтсолаи кӯмакҳо, аз ҷумла ёриҳои низомӣ бар зидди Ӯзбакистон дар моҳи сентябр, аз ин кишвар дидан мекунад.

Бояд гуфт, Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ва Ислом Каримов чанде қабл дар сӯҳбати телефонӣ равобити миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд. Он вақт Обама ва Каримов гуфта буданд, ки “хостори  рушди муносибатҳои чандҷиҳата байни Иёлоти Муттаҳида ва Ӯзбакистонанд, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусии Амрико ва Ӯзбакистон.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!