Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:12

Соҳибкорону тоҷирони лаҳистонӣ ба Душанбе меоянд

25 октябр 2011, 06:07

28-уми октябри соли равон дар Душанбе форуми тиҷоратии Тоҷикистону Лаҳистон (Полша) баргузор мегардад, ки дар он намояндагони 21 ширкати он кишвар ширкат хоҳанд кард.


Тавре аз палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории ин форум дарёфти роҳҳои рушди ҳамкории ҷонибҳо буда, дар баробари ширкатҳои Лаҳистон намояндагони ширкату корхонаҳои ватанӣ низ ширкат менамоянд: « Новобаста аз бӯҳрони моливии ҷаҳонӣ ширкатҳои лаҳистонӣ фаъолона роҳҳои рушди ҳамкориро дар Тоҷикистон идома медиҳанд, ки ин ба манфиати тарафайн мебошад».

Манбаъи хабар афзуд, вохӯрии масъулини тоҷик дар фазои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои кории  ширкату корхонаҳои лаҳистонӣ, аз ҷумла бо намояндагони  соҳаи  бонкодориву иқтисодӣ, коркарди метал, сохтмон, бофандагӣ, корхонаҳои мебелбарорӣ,нақлиёт, комплекси аграрӣ, истеҳсоли маҳсулоти табобатӣ, шишабарорӣ,технология, савдо ва хизматрасонӣ сурат гирад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!