Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:20

Суғд: 10 миллион $ барои тармиму таҷдиди зоишгоҳҳо масраф мешавад

27 октябр 2011, 04:44

Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд ҷиҳати шиносоӣ бо вазъу шароитҳои кории табибон, ҷараёни корҳои ободкорӣ аз муассисаҳои соҳаи тандурустӣ – таваллудхонаҳои шаҳр дидан кард.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ҳукумати вилоят иттилоъ доданд, чанд соли ахир дар шимоли Тоҷикистон ба бахши тандурустӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мегардад. Гуфтанист, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, таъминот бо таҷҳизоти муосири тиббӣ хеле беҳтар гаштааст.

Манбаъ афзуд, соли равон бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ тибқи сармоягузории хориҷӣ баҳри таъмини таваллудхонаҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат 10 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо гардидааст. Қоҳир Расулзода ба ҷараёни корҳои таъмиру тармим дар таваллудхонаи вилоятӣ шинос гардида, ба масъулини соҳаи тандурустӣ ва сохтмон сӯҳбат намуд ва баҳри бо сифати баланд ва дар мӯҳлатҳои муайян ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод. Алҳол дар ин муассисаи тиббӣ 28 нафар сохтмончиёни ҶДММ «Муҳандис» фаъолият менамоянд. Ба иттилои манбаъ, табобатхонаи вилоятӣ соли 1961 бунёд гардида, дар он метавонанд дар як вақт беш аз 200 нафар бистарӣ гарданд. Соли равон бо қарори раиси вилоят баҳри корҳои таъмиру тармими беморхона 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.Раиси вилоят ҳамчунин аз вазъи корҳои таъмиру тармими биноҳои таваллудхонаи шаҳрӣ дидан намуда, бо табибон сӯҳбат кард .

-Дар ин таваллудхона 238 нафар кормандони тиббӣ фаъолият    доранд ва 140 кат барои беморон мавҷуд мебошад.Ба ин таваллудхона низ 37 номгӯи таҷҳизоти муосири ташхису табобат ворид хоҳад гашт. Аз ҷумла, таваллудхона дорои томографи компютерии магнитӣ мегардад, ки ба солимии модару кӯдак, беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!