Бахшҳо
20 янв 2016 16:43Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Пештозии Тоҷикистон дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ: Дуюм баъди Парагвай...

Созмони ҷаҳонии сайёҳон аз рӯи суръати ҷалби сайёҳони хориҷӣ дар соли 2015 Тоҷикистонро аз ҷумлаи пештозҳо хондааст.

Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии сайёҳон соли 2015 шумораи сайёҳоне, ки аз Тоҷикистон дидан кардаанд, 94 фоиз бештар шудааст, ки ин дуюмин нишондод баландтарин дар ҷаҳон мебошад. Мақоми аввалро Парагвай соҳиб гардидааст, зеро теъдоди сайёҳон дар ин кишвар тайи соли 2015 97 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин раддабандӣ, ки ба суръати ҷалби сайёҳони хориҷӣ диққат дода шудааст, Ниуэ дар мақоми саввум, Ҷопон чорум ва Исландия дар ҷойи панҷум омадааст.

Ин созмони вобаста ба СММ кишварҳои Твалу, Сан Марино, Тунис, Фаластин, Микронезия, Вануату, Люксембург, Бутан, Кения ва Озарбойҷонро аз кишварҳое гуфтааст, ки соли гузашта шумораи сайёҳонашон кам шудааст. Зимнан, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон шумораи сайёҳони хориҷиро дар кишвар тайи соли 2015 беш аз 410 ҳазор нафар гуфт, ки баландтарин нишондод дар даҳсолаи ахир мебошад. Ба қавли Абдуллозода сайёҳони хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар 206 миллиону 917 ҳазор доллар ворид кардаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)