Бахшҳо

Сабти нахустин ҳолатҳои “облава” дар мавсими даъвати баҳорӣ

Дар пасманзари ҳушдори вазири мудофиа ва дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон барои кор набурдани роҳҳои ғайриқонунӣ зимни даъвати наваскарон, манобеи “Озодагон” аз нахустин ҳолатҳои “облава” дар навоҳӣ хабар доданд.

Мунис Искандарзода, донишомӯзи 17-солаи литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, пеш аз зуҳри имрӯз, 5 апрел дар роҳи бозгашт ба хона дар ноҳияи Ваҳдат ҳадафи “облава” қарор гирифт: “Дар роҳ мерафтам, ки як нафар бо либоси мулкӣ аз пешам баромад ва аз дастам гирифта ба мошини “Мерседес” даровард. Он ҷо нафарони дигар бо либоси низомӣ буданд. Гуфтам барои хизмат ҳанӯз синам намерасад, соли таваллудам 1999 мебошад. Гуфтам дар литсей мехонам, бовар накарданд ва ба комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат бурданд. Танҳо баъди 2,5 соат, пас аз дақиқ кардани синну сол ва донишомӯз буданам, маро ҷавоб доданд”.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта 4 апрел аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки вазир Шералӣ Мирзо қабл аз оғози маъракаи даъвати наваскарон дар мулоқот бо масъулини тамоми комиссариатҳои ҳарбӣ барояшон дастури Президент барои истифода накардани роҳҳои ғайриқонунӣ ҳангоми даъватро хотиррасон кардааст.

Аз 1 апрел дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 ба хидмати ҳарбии ҳатмӣ оғоз гардид.
Мӯҳр
Ин хама гапо дуруганд ки мегуянд дар мачлисхо аблава нест. Холо ки вазир гуфт гапе не раиси чумхур чанд бор гуфт вале аблава монд мисли пештара.

Гулназар
Вохима накунед,хизмати ватанро кардан шарту зарур

Ман дар суханронии вазири мудофиъа гуфтам, ку ба гапи ин афрод бовар накунед. Инхо як чиза мегуяну як кори дигара мекунанд. Ман шахсан ба ягон гапи хукумати бовар надорам. Дар Вахдат облава дар авчи ало. Хато барои кормандии облавчики конкурс аст. Хамааш дуругую бинсоф хастанд.

Сараавал Мунисро мебояд аз амали ин кормандон ба прокуратураи харби бо ариза оид ба амали гайриконуни кормандони комисариати харби мурочиат намояд. Ман бовари дорам ки кормандони комисариати харби аз амалаш ки хилофи конун бошад ба чавобгари кашида мешаванд.
Айб дар кормандони комисариати харби вучуд дорад инро инкор кардан мумкин нест. Лекин хар шахрванд бояб хукукхои худашро бояд донад.
Аз мурочиат ба макоматхои назорати тарсидан лозим нест чунки агар мурочиат бисёр шавад макомат аз камбудии ва суисстифодаи мансабдорон бохабар мешавад ва паи бартарафи камбудихо чорачуи менамояд.

мехмон
Ин чо вохима накунед. Агар аз руи конун амал кунанд 70% чавонон бояд дар назди конун чавоб гуянд. Чунки хама аз хизмат мегурезанд. Кадоме аз шумо варакаи даъватро аз тарики прокурор гирифтед ? Кадом чавонро барои аз хизмат гурехтанаш 5 сол зиндони кардаанд ?
Ин бозии бурди лотерея барин, капиданд мебаранд аммо хеч кас чавобгар нест !! Албатта хам гурехтан аз хизмат ва хам ,, облава" гайри конуни хаст!!!!

Хозир соати 5-30 дар шахри Вахдат як гурух облавчикхо ба хонаи ман зада даромада хамаи хонахоро кофтуков кардаанд. Ман дар хона нестам, аммо фарзанди ман дар синфи 11- мехонад ва холо ба сину соли аскар нарасидааст. Боз вазир мегуяд, ки облава нест. Наход, ки талабаи мактабро ба аскари баранд? Писари ман аз синфи 9- баромада дар колечи хунаромузи мехонад. Хамсинфхои у бошад дар синфи 11-ум мехонанд. Ин чи бедодгари о сину солаш, ки буд шуд хизмат мекунад. Писари калониам хизмат кард. Мана адолати хукумати Т.Ч. аГАР БА ФАРЗАНДИ НОБОЛИГ ЧИЗЕ ШАВАД, ПАС МАГАР ДОМОНИ ВАЗИРУ ХУКУМАТДОРОНРО НАБОЯД ГИРИФТ. Озодагон илтимос чоп кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)