Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 24 январ 2019, 11:18

Баъди имзои Президент: “Ов” ва “ович” расман манъ шуданд

29 апрел 2016, 11:34

Вазорати адлияи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки расман номгузории тоҷикон бо истифода аз пасвандҳои русии “ов” ва “ович” манъ шуд.

Ҷалолиддин Раҳимов, муовини раҳбари Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия имрӯз, 29-уми апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз моҳи марти соли равон номгузорӣ бо истифода аз пасвандҳои “ов” ва “ович” мамнуъ мебошад: “Аммо ин муқаррарот ба ақалиятҳои миллӣ рабт надорад. Масалан русҳо, чиниҳо ва дигар ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон метавонанд аз номгузории анъанавии худ истифода баранд”.

Ӯ таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва тоза нигоҳ доштани забон муқаррар шудааст, ки тоҷикон аз номгузории миллии худ кор баранд. Раҳимов илова намуд, ки ба зудӣ феҳрасти номҳои тоҷикӣ нашр мешавад ва тоҷикон метавонанд бо истифода аз пасвандҳои “зода”, “иён””пур” ва ғайра фарзандонашонро ном гузоранд.

Раҳимов илова намуд, барои афроде, ки феълан бо "ов" ва "ович" сабт шудаанд, иваз намудани номгузорӣ ихтиёрӣ мебошад: "Онҳое, ки айни ҳол дар санадҳо бо "ов" ва "ович" сабт шудаанд, метавонанд номгузорияшонро иваз кунанд. Ин ихтиёрӣ мебошад".

Ин навгониҳо дар ҳолеянд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 15 март тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро имзо намуд, ки мувофиқи он ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, аз ҷумла номи ашё, мол, ҳайвонот, ном ва истифодаи ибораҳои таҳқиромезе, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ карда шудааст”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мехмон

  • 29 апрел 2016 11:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
,,Ов"-,,евич" -ро ба,, зода", ва ,,иён" иваз кардан осон , аммо точикро аз гуломии рус ки озод мекунад ???
Посух додан
  • тоҷик

  • 29 апрел 2016 12:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
оли хеле хуб!
Посух додан
  • Муслим

  • 29 апрел 2016 12:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мехмон,
Иншоаллох,ки мекунад -Бародар то он замоне,ки мо надонем,ки ки хастем ва кучо меравем на пешрафт мекунем на аз гуломи озод мешавем. Барои хамин ин як икдоми хуб аст аз тарафи Раиси Чумхур.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЭЭЭ мардакои хуб и бо чӣ аст? Охи ма навакак номамро барои русия рафтан аз зода ба ов гузарондам. Бечораи номи маро ба 7 паҳлу тоб доданэ. Мулло-ша гир ов-ша дигар кун аз ин да дида ягон рузи ҳафтаро мемондам осон буд. Хай гапашон дуруст, ки номои тоҷикӣ лекин хуб мешуд агар ин тағиротҳора аз тифлони навзод сар кунанду и одамои калона маҷбур ба тағири ном накунанд.
Посух додан
  • мехмон

  • 29 апрел 2016 12:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кори дигар надоред.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хохиши МО як гурух чавонон хами ному насабро роигон иваз мекардан хуб мешуд МО барои дарс Рави рокиро намеебем бо аз кучо инкадар пул дорем чаро роигон нест???
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман мухочир дар Руссия хастам. Аз хама расонахои хабарии Руссия чи ТВ чи радио ана хамин хабарро ба мардум элон карда истодаанд. Ва мегуянд, ки Руссия бояд ба ин холати точикон оиди мамнуи ов ва ович чавоб гардонад. Эхтимол боз майнаи сари бечора мухочиронро гич мекунанд.
Мансабдорони ватан. О дар бораи хаети мухочирон фикр мекардед намешуд
Озодагон илтимос чоп кун
Посух додан
  • Таджик

  • 29 апрел 2016 16:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ассалом...ин чи гап аст?3-4 сол пеш гуфта будан ки ному насаби "зода" дар хеч кучо ба кор бурда намешавад бояд "ов" ва "вич" бошад мо пули бисёре харч кардему аз "зода" ба "вич" гузарондем насабамонро аммо холо боз мегуянд ки ба "зода "бар гардед...хеч чизро нафахмидам
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худи чалолиддин рахимов кай (ов)ро аз номаш мегирад? авал худ коркунони аснод амал кунед бад дигарон
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худоё,худовандо,кош аз ивази пасвандхои "ов","вич"-и руси шиками мардуми точик сер мешуд,асабаш аз кофтукови "кутти лоямут" ором мешуд! Ба шиками гурусна оё АШУЛА мефорад?
Посух додан
  • Мухочир

  • 1 май 2016 19:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Имрузхо дар тамоми расонахои руси чоп шудааст ки бояд Русия ба Точикистон чавоб гардонад.Як фикри мухочирони мехнатиро кунетон.Мумкин барои ин кор нархи патент ро баланд мекунанд ё низоми виза.Хар бало ба сари мухочирони бечора.Ба чойи ин тагироту таршибот бехтар мешуд бо Русия щарнома карда мушкилоти хуччатии мухочиронро каме хал мекарден.
Посух додан
  • паспортни стол

  • 2 май 2016 13:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ох, бисëр кори хуб клиент бисëр мешавад агар 1долари хам сари одаме гузорем милионер мешавем. бисëр шодем аз ин к,онуни нав
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Президент все проблемы решил, осталось с фамилиями разобраться.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!