Бахшҳо

Талаби Р.Эмомалӣ аз сармураббии нави тими мунтахаб

Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон назди Ҳаким Фузайлов, сармураббии навтаъини тими мунтахаби миллии футбол вазифа гузоштааст, ки дастаро ба даври ниҳоии Ҷомӣ Осиё-2019 барорад.

Тибқи иттилои сомонаи ФФТ муаррифии Фузайлови 51-сола, собиқ ҳимоятгари тими “Помир”-и Душанбе ба ҳайси сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон 3 май дар толори ФФТ баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ сармураббии нави Тоҷикистон баъди таъинаш ба мақоми нав изҳор доштааст, ки “талош мекунем, то вазифаҳои дар наздамон гузоштаро иҷро кунем. Ин пеш аз ҳама гирифтани роҳхат ба Ҷоми Осиё-2019 мебошад. Муътақидам, ки мунтахаби миллии мо аз уҳдааш мебарояд”.

Нахустин сабқати тими мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Ҳаким Фузайлов 2 июни соли равон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими Бангладеш дар назар аст. Бозии ҷавобӣ дар Дакка 7 июн баргузор мешавад. Ғолиби ин сабқат ба мусобиқаи интихобии даври гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.

Ҳаким Қаюмович Фузайлов 12 августи соли 1964 таваллуд шуда, фаъолияти худро аз тими “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст. Ӯ аз соли 1986 то 1991 ба ҳайси ҳимоятгар дар тими “Помир”-и Душанбе бозӣ карда, аз соли 1992 ба дастаи “Локомотив” гузаштааст. Соли 1994 дар ҳайати ин тим соҳиби медалии биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Русия шудаст.

Фаъолияти мураббигии Фузайлов аз охири солҳои 90-уми асри гузашта оғоз шудааст. Ӯ роҳбарии бошгоҳҳои “Бухоро” ва “Динамо”-и Самарқандро ба уҳда доштааст. Соли 2003 сармураббии дастаи Андиҷони Узбакистон таъин шуда, як сол пас ба тими “Титан”-и вилояти Маскав гузаштааст. Баъдан дар ҳайати мураббиҳои дастаи “Локомотив”, “Ростов” ва “Терек” фаъолият карда, моҳи январи соли равон ба мақоми муовини раҳбари департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон таъин шудаст.
Мӯҳр
ТЕШАЕВ А.
Хело хуб шуд, ки ФФТ Хаким Фузайловро сармураббии тими мунтахабамон эълон намуд. Плей-офф барои мо ТОЧИКИСТОН бо дастаи БАНГЛАДЕШ шонси хуб аст. Ва ман бовари дорам ки сатхи бозии бачохои точик бо сармураббии навинтихоб шуда бехтар мешавад. Ва хайати бозингарон аз футболбозони дохилию легионерхоямон пурзур карда мешавад. Ва ман мухлиси футболи механ дар корхои ХАКИМ ФУЗАЙЛОВ барор хохонам. ТОЧИКИСТОН БА ПЕШ !!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)