Бахшҳо
23 июн 2016 15:38Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Мақсади 3 миллиард долларии президентҳои Тоҷикистону Чин (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин мақсад гузоштаанд, ки гардиши мол миёни ду кишвар то 3 миллиард доллар расонда шавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 23-юми июн дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷинпин зикр шудааст, ки ки гардиши мол байни ду кишвар дар семоҳаи аввали соли 2016 беш аз 200 миллион долларро ташкил додааст. Ҷонибҳо изҳори умед кардаанд, ки бо талошҳои якҷоя мумкин аст, ин нишондод то соли 2020 то ба 3 миллиард доллар расонда шавад.

Манбаъ афзуд, ки дарёфти роҳҳои маблағгузории сохтмону таҷдиди шоҳроҳи Душанбе - Кулоб - Хоруғ - Кулма – Қошғар, маблағгузории лоиҳаҳои нави бунёди хатҳои нави интиқоли барқ ва дигар тарҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқоти дуҷониба буд.

Дар ин вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин ҳамчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бо таҳдиди хатарҳои замони муосир ва дарёфти роҳҳои ҳалли муноқишаҳои сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзада баррасӣ шудааст.

Азми сарони ду кишвар барои то се миллиард доллар расондани ҳаҷми додугирифти мол дар ҳолест, ки омори Чину Тоҷикистон дар бораи гардиши мол ба маротиб фарқ мекунад.

Соли гузашта Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки ба суоли “Озодагон” дар ин бора гуфт, ки воқеан “ман ба наздикӣ дар Хитой будам, ба ман ҳуҷҷатҳоеро нишон доданд, ки дар 5 моҳ ба Тоҷикистон аз Хитой ба маблағи 257 миллион доллар бор интиқол дода шудааст. Аммо аз сарҳади Тоҷикистон бор ба маблағи 132 миллион доллар гузаштааст”.

Ӯ дар шарҳи “гум” шудани бор ба арзиши садҳои миллион доллар дар гумруки Тоҷикистон гуфт, аз Хитой бор бо як ҳуҷҷат меояд, аммо дар сарҳади Тоҷикистон ба хотири кам нишон додани арзиши мол ҳуҷҷатҳоро иваз мекунанд.

Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфт, маҳз дар пайи ҳамин гуна сохтакориҳо бархе кормандони гумрук соҳиби хонаю мошинҳои боҳашамат мешавад: “Аз ин сохтакорӣ ҳам тоҷир манфиатдор асту ҳам корманди гумрук. Фоидаро байни ҳам тақсим мекунанд”.


Мақсади 3 миллиард долларии президентҳои Тоҷикистону Чин (АКС)

Мақсади 3 миллиард долларии президентҳои Тоҷикистону Чин (АКС)

Мақсади 3 миллиард долларии президентҳои Тоҷикистону Чин (АКС)

Мақсади 3 миллиард долларии президентҳои Тоҷикистону Чин (АКС)

Мақсади 3 миллиард долларии президентҳои Тоҷикистону Чин (АКС)

Мақсади 3 миллиард долларии президентҳои Тоҷикистону Чин (АКС)

Мақсади 3 миллиард долларии президентҳои Тоҷикистону Чин (АКС)

Мақсади 3 миллиард долларии президентҳои Тоҷикистону Чин (АКС)
Мӯҳр
Ман ба кумитаи Гумрук як пешниҳод доштам гумруки мо бояд бо тамоми давлатҳое,ки доду гирифт доранд ҳамкори дуҷониба доштабошад мисол аз Хитой чанд пулеки бор ба Тоҷикистон ворид мешавад ба мисли Сшотфактура аз унҷа тиянд номи соҳибкор ё корхона нависонда шавад баъдан мо мефаҳмем ки қарздор мондааст баъд боҷи гумрукиро то 50% кам кунанд чунки боҷ қимат шуд дар бозор маҳсулотам қимат мешавад

Токидор
Озодагон, о кани чомаи точикии сичинг пи- ако кани? Барои чи нарушил? Ба фикрам фахмид хатогиашро ва истеьдоди актерии точикро. Озодагон як чахон ташаккур

Чаро навиштаи пешини маро бардоштед?
Барои он ки хабарро бо дастури "боло" дигар кардед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)