Дар Душанбе танурҳои муосир насб мешавад
Шаҳрдории Душанбе тасмим дорад, дар назди биноҳои истиқоматӣ танурҳои замонавӣ насб кунад.
Ашӯрбек Расулов, муовини раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 27 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, Раёсати меъморӣ намунаи чанд танурро дар ихтиёр дорад ва дар сурати интихоб якеро дар пойтахт насб хоҳад кард.
Ба қавли ҷаноби Расулов, дар назди бархе биноҳои баландошёна чанд танур насб шудааст, ки ба фарҳанги шаҳрнишинӣ созгор нест.
Ахиран, бо қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе як ҳайат ба тахриби танурҳое, ки сокинони пойтахт дар назди биноҳо худсарона сохтаанд, шурӯъ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |