Бахшҳо
25 авг 2016 13:39Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Пешниҳоди Бобоназарова барои татбиқи афви бидуни коррупсия

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси маъруфти тоҷик дар пайи қабули қонуни афв, ки 12 ҳазор нафарро дар бар мегирад, пешниҳод кард, барои шаффоф ва бидуни қонуншиканиву омилҳои коррупсиёнӣ татбиқ гардидадани он, ҳукумат бояд ба раванди амалигардии қонун, ҷомеаи шаҳрвандиро ҷалб намояд.

Хонум Бобоназарова имрӯз, 25 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, то замоне ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаққи назорат карданро надошта бошад ва ба ҳайати Комиссияҳои қонуни афв шомил нашавад, амалҳои коррупсионӣ боқӣ хоҳанд монд.

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик таъкид намуд, баъди татбиқи ҳар қонуни афв дар бораи қонуншиканиҳо зиёд мешунаванд, агар ҳукумат ин сару садоҳоро дурӯғ мешуморад, пас бояд ба ин раванд ҷомеаи маданӣ ва журналистонро ҷалб кунад: “Бубинед, ҳар сол Агентии мубориза алайҳи фасод вазоратҳои фасодзадаро эълон мекунад. Ҳол он ки онҳо сохторҳои махсус нестанд ва ҳабсхонаҳо сохтори махсус мебошанд. Дар ҳабсхонаҳо таъмини шаффофият мушкил аст. Яъне, агар вазоратҳо, ки сохтори пӯшида нестанд, ба амалҳои коррупсионӣ даст бизананд, пас кӣ гуфта метавонад, ки дар сохторҳои пӯшида ин корҳо намешавад?”

Пешниҳоди Ойниҳол Бобоназарова дар ҳолест, ки 24 август Иззатулло Шарипов, сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ зимни қабули тарҳи қонуни афв дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, барои татбиқи лоиҳа омодагии хуб дидаанд ва талош мекунанд, дар ҷараёни амалӣ шудани он қонуншиканӣ нашавад.
Мӯҳр
Левен
Хонум Бобоназарова хохед нахохед коррупция мешавад!

шахри
Хонум Бобоназарова зинда бошед. Бисёр пешниходи хуб кардед. Кош ин раванд шаффофона бигзарад ва нафси саркаши кормандони ин сохтор кашида шаваду фарзандони ба дидори модарони чигархуни худ бирасанд.
Президентамонро умраш боки бошад,ки гами мардумро мехурад ва ин 15-мин конуни авф астАммо хазорон мисолро мешавад овард,ки бисёрии марпдуми пушти панчаранишаста аз шахди ин конуни башардустона бенасиб мемонанд,чунки пул надоранд,то пеши бинии кормандони ин соха партоянд. хар сол аз хисоби конуни авф пулхои хангуфт кор мекунанд кормандрони Уид ва кару кушхои бехиисоб месозанд,боре магар фикр намекунанд.ки хакки ин махбусони бечораву бенаво ва оби дидаи модарони онхо як руз не,як руз мегирад онхоро ва насибашон инамекунад.
Чароги зулми золим тго абад харгиз намесузад,
Агар сузад шабе он хам шаби дигар намесузад.
мехохам хамфкронам мавкеашонро баён доранд,натиарсанд,чои тарс нест,худо худаш бахшандаву мехрубон асту пушту панохи мо ва баъдан сарвари давлатамон.ки гамхори мардуми бечорааву асиру ниёзманда аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)