Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:45

Андозбандии сабук барои 6 корхонаи ҷадид

20 май 2011, 12:01

Барои ҷалби сармоя ва ҳавасмандкунии сармоягузорон бо пешниҳоди вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба  шаш корхонаи навтаъсиси  коркарди нахи пахта имтиёзҳои андозбандӣ дода шуд.

Бино ба иттилои ин вазорат, ба ин гурӯҳи муассисаҳо аз қабили коргоҳи  нави ресандагии   «Хима -текстил», ҶММ «Нику- Хуҷанд», ҶДММ « Спитамен-текстайл», ҶСП «Олим-текстайл», ҶММ «Фаррес» ва  ҶСК «Бофандаи Норак» шомиланд, ки дар 3 моҳаи аввали соли равон сохта мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз рӯи маълумоти ин вазорат то соли 2015 бунёди боз 15 корхонаи нави коркарди нахи пахта ва муҷаҳазгардонии техникии як қатор корхонаҳои мавҷуда пешбинӣ шудааст. Масъулини ин вазорат мегӯянд, сол то сол афзоиши корхонаҳои коркарди нахи пахта барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ мусоидат хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!