Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:45

Қоҳир Расулзода дар моҳи декабр бо соҳибкорони суғдӣ мулоқот мекунад

28 ноябр 2011, 06:00

Дар маҷмааи «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи якуми Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Суғд баргузор гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилоят иттилоъ доданд, зимни нишаст масъулуни бахши соҳибкории ҳукумати вилоят, намояндагони ҷамъиятҳои ҳамкории байналмилалӣ, кормандони воситаҳои ахбори омма ҳузур доштанд. Қоҳир Расулзода ҷаласаро  ифтитоҳ карда гуфт, дар назди президенти ҶТ Шӯрои машваратии ҷумҳуриявӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис ёфт ва якчанд бор ҷаласаҳо доир намуд. Мақсади асосии созмон додани Шӯрои машваратии назди раиси вилоят доир ба беҳтар намудани  фазои сармоягузорӣ ин рушди соҳибкорӣ  мебошад. Ӯ бахши соҳибкориро дар қаламрави вилоят таҳлил намуда, иброз дошт, ки соҳибкорон дар пешбурди ҷомеаи мутамаддин саҳми муносиб доранд.

Манбаъ афзуд, намояндаи созмони ҳамкории байналмилалии Олмон Хартвиг Унгетум таъсисёбии Шӯрои машваратии назди раиси вилоятро фоли нек арзёбӣ кард ва баҳри ҳамкорӣ соҳибкорони вилоятро даъват намуд. Ҳамзамон, раиси вилоят Қоҳир Расулзода раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муовини раиси вилоят Суюнхон Рустамов муовини раиси Шӯро ва аъзои Шӯро интихоб карда шуданд. Бо пешниҳоди Одилҷон Ёқубов -  намояндаи ҷамъияти ҳамкории байналмиллалии Олмон дар вилояти Суғд Фотеҳхон Маъсумов котиби масъули Шӯрои машваратӣ тасдиқ карда шуд.Дар бораи фазои сармоягузорӣ дар вилоят сардори раёсати  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят Илҳом Иномов маърӯза кард.

Қоҳир Расулзода дар поёни машварат гуфт, ки моҳи декабри соли равон мулоқоти ӯ бо соҳибкорон дар назар дошта шудааст. Райис соҳибкоронро даъват намуд, ки дар бораи муаммову мушкилиҳояшон пешниҳоду таклифҳоро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ирсол намоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!