Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:53

Суғд: Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд

30 ноябр 2011, 10:39

Райиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо қарори худ Шокиров Музаффар Неъматовичро, ки то ин вақт сардори идораи таъмиру сохтмони шаҳри Қайроққум буд, сардори идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд таъин кард.


То ин маврид Неъматҷон Юсуфов, ки бо қарори қаблии райиси шаҳр райиси кулли корхонаи воҳиди давлатии «Хуҷандобуканал» таъин гардид, роҳбарии ин идораро ба зимма дошт. Музаффар Шокиров зодаи шаҳри Хуҷанд, дастпарвари Донишгоҳи политехникии шаҳри Бишкеки ҷумҳурии Қирғизистон аст. Ӯ баъди хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатиашро соли 1984 ба сифати муҳандиси ташхисгоҳи сохтмонии трести «Сельстрой-4»-и шаҳри Хуҷанд оғоз карда, баъдтар дар вазифаҳои устои калон, сармуҳандиси колоннаи сайёри механиконидаи рақами 45, сардори МХПМУ-и трести «Сельстрой–4», сарвари  ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «АТК-2»- и шаҳри  Кайроққум ва аз соли 2000-ум то ба ин ҷониб вазифаи сардори идораи таъмиру сохтмони шаҳри Қайроққумро ба ӯҳда дошт.

Дар  ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз маркази иттилоот ва таҳлили ҳукмати шаҳри Хуҷанд  хабар доданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!