Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:19

Боз як сокини шаҳри Кӯлоб даст ба худкушӣ задааст

6 декабр 2011, 10:32

Ҳадиса Амирхонова, як сокини дигари шаҳри Кӯлоб, ки дар бозори марказӣ ҳамчун соҳибкор фаолият мекард, шаби 1-уми декабр тахминан соати 00-30-дақиқа ба таври худсӯзӣ қасди ҷони худ кардааст.


Замоне ки аҳли оила дар хоб будаанд, номбурда ба сару гарданаш моеъи керосин рехта, худро оташ задааст. Ҳадиса дар беморхонаи марказии шаҳр пеш аз маргаш ба кормандони додситонӣ шикоят аз лату куб ва таҳқиру таҳдид аз ҷониби шавҳараш кардааст.

Ёразиз Ғуломалиев, прокурори шаҳр зимни шарҳи ин иттилоъ ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, шавҳари Амирхонова бо ҷурми зӯроварӣ ва ба ин ҳолат овардани ҳамсараш боздошт гардида, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз аввали сол ин ҷониб барои дуввумин маротиба аст, ки кормандони прокуратураи шаҳри Кӯлоб бо истифода аз моддаи 109, кодекси ҷиноятии ҶТ (ба худкушӣ оварда расонидан), нисбати ашхоси гумонбар парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!