Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:37

9 нафар дар Суғд барои иҷро накардани бандҳои як қарор ҷаримабандӣ шуданд

15 декабр 2011, 09:17

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд то имрӯз дар мавриди омӯзонидани кормандон  оид ба истифодаи фурӯзонакҳои симобдори корношоям корҳои муайян  ба анҷом расонида шудааст.


Ҳоло дар ҳамаи минтақаҳои вилоят зиёда аз 77 адад нуқтаи қабули лампаҳои каммасрафи аз эътибор сокитшуда ташкил гардида, 5 229 адад фурӯзонак ҷамъоварӣ шудааст.  Бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, грантҳо барои харидорӣ ва ба истифода додани ду дастгоҳи безараргардонии лампаҳои симобдори аз истифода баромада, ё барои истифода корношоям чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси ин вилоят иттилоъ доданд, аз ҷониби раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар шаҳру ноҳияҳо 32 адад санҷишҳо гузаронида шуда, ба 9 нафар шахсони масъул, ки қарори мазкурро риоя накардаанд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ карда шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!