Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:42

Як фурудгоҳ дар Русия комилан ба коми оташ рафт

20 декабр 2011, 06:28

Бар асари як оташсӯзӣ фурудгоҳи Черемшанка, 35 километрии Красноярски Русия сӯхта хокистар гардид.


Тавре аз мақомоти изтирории ин минтақа хабар медиҳанд, оташсӯзӣ дар ошёнаи дуввум, болои ҳуҷраҳои иҷозатномадиҳӣ сар зада, баъдан тамоми биноро фаро гирифтааст. Бар асари ин ҳодиса 1 нафар осеби сабук бардошта, тамоми ҳайати кормандони фурудгоҳ ва мусофирон фавран ба ҷойи бехавф кӯч дода шудаанд.

- Вақте ҳайати оташнишонон ба ҷойи ҳодиса расид, аллакай боми оҳанини бино ба поён фурӯ рехта буд. Оташ бар асари боди сахт дар чанд лаҳзаи кӯтоҳ тамоми биноро фарогир буд. Дар кори наҷотдиҳӣ ва оташнишонӣ 70 нафар отшанишонон, 12 бушкаҳои оташнишонӣ ва 22 адад нақлиёт сафарбар карда шуд, -илова мекунад, манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, додситонии минтақаи Енисей ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардааст. Феълан, танҳо 1 сабаби сар задани сӯхтор-расиши ноқилҳои барқӣ тахмин карда мешавад. Аммо мақомот дигар фарзияҳоро низ баррасӣ хоҳад кард,- гуфтааст додситонӣ. Аллакай додситонӣ ошкор кардааст, ки фурудгоҳ барои фаъолияти оташнишонӣ муҷаввиз надоштааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!