Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 феврал 2017, 21:34

Як афсари баландрутбаи артиши Покистон ба Душанбе ташриф меорад

21 декабр 2011, 09:59

Шоми имрӯз генерал Ҳалид Шамим Вайне, райиси кумитаи  сарситоди мутаҳиддаи қувваҳои мусаллаҳи Покистон ба Тоҷикистон ташриф меорад.


Тавре аз дафтари матбуотии вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд,   боздиди ин афсари баландрутбаи покистонӣ аз Тоҷикистон тайи се рӯз идома карда, мулоқоти ӯ бо Шералӣ Хайруллоев ва шахсони дигари ҳукумати кишвар дар назар аст.

Манбаъ афзуд, дар мулоқотҳо доираи васеи масоили ҳарбӣ ва ҳарбии техникӣ, омодасозии кадрҳои низомӣ ва дигар масоили вобаста ба густариши минбаъдаи муносибатҳои низомӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Тибқи нақша дар доираи сафари расмии райиси кумитаи сарситоди мутаҳиддаи қувваҳои мусаллаҳи Покистон аз пойгоҳи чанде аз қисму воҳидҳои вазорати мудофиаи ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо ҳайати афсарону сарбозон вомехӯрад.

Маврид ба ёдоварист, ки ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбии техникии вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо Покистон аз соли 2009-ум шурӯъ гардида, сол аз сол густариш меёбад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!