Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:33

"Ях"-и мансабдорон дар соли 2011 «об» шуд

30 декабр 2011, 06:26

Рамзия Мирзобекова, хабарнигори нашрияи «АП» ба соли равон ишора карда мегӯяд, соли "пурталотум" буд: «Бахусус аввали сол, ки ҳафтаномаи моро баъди нашри мақолае бо имзои банда таҳти унвони "Бозрасӣ ё инкивизатсия?" ба додгоҳ кашиданд.


Ин қазия наметавонист ба ман бетаъсир бошад. Ин ҳолат ҷиҳатҳои мусбат ва манфии худро дошт».

Ҳамсӯҳбатамон мегӯяд, манфӣ аз он ҷиҳат, ки вокуниш ба мақола начандон мувофиқ буд. Ба ҷои он ки камбудиро бартараф кунанду муҷриминро ба ҷавобгарӣ кашанд, фишор болои мо шурӯъ шуданд, аз ҷумла ба худи ман ҳам...

Рамзия афзуд,ҷиҳати мусбатро дар он мебинам, ки аз мавзӯъи шиканҷа рамзи "табу" бардошта шуд ва ВАО-и дигар низ дар ин бора навиштанд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то андозае дари иттилоъро кушоданд: « Масалан, вақте ман маводро омода месохтам, дар посухи худ Прокуратураи генералӣ гуфта буд, ки ба онҳо шикоят аз шиканҷа нарасидааст, вале баъди вокуниши ҷомеа ба мақола дар мавриди шиканҷа Додситонии кулл аллакай маълумоти зиёдеро расонаӣ кард ва ҳатто дар мавриди он чизе ҳам, ки мо пурсида будем. Ба дигар маъно ҳарчанд масъала ҳалли пурраи худро наёфт, чун ин дар як муддати кӯтоҳ ҳам имконпазир нест, вале дар маҷмӯъ чуноне мегӯянд, "ях об шуд". Пас метавон гуфт, ки кори фоидаоваре ҳам дар ин муддат ба сомон расидааст.

Умедворам соли оянда бобаракаттар хоҳад буд. Аз он барои худ ва барои наздикону пайвандон ва атрофиёни худ ва албатта барои ҷомеа танҳо хушиҳоро таманно дорам».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!