Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:13

Боз 6.600 гектар замини Тоҷикистонро хитоиҳо иҷора мегиранд

18 январ 2012, 12:36

Тибқи як шартнома миёни Душанбеву Пекин 6 ҳазору 600 гектар замини Тоҷикистон ба ихтиёри кишоварзони чинӣ дода мешавад.


Сиҷоуддин Исроилов, муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ мегӯяд, замине, ки ба хитоиҳо дода мешавад, қитъаҳое мебошанд, ки аз гардиши кишоварзӣ дур мондаанду ботлоқзоранд.
Бино ба маълумоти масъулини вазорати кишоварзӣ, аллакай 50 гектар замин аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 415 гектар аз қаламрави Ҷалолуддин Румӣ ба ихтиёри чиниҳо гузошта шудааст ва дар мавриди 200 гектари дигар аз  ноҳияи Ёвон гуфтушунид идома дорад.
Тибқи иттилои расмӣ, айни замон дар Тоҷикистон 21 ҳазор гектар замин аз гардиши кишоварзӣ дур мондааст, ки ин омил сабабҳои мухталиф дорад. Муовини вазири кишоварзӣ мегӯяд, ботлоқшавӣ, аз кор мондани шабакаҳои обтаъминкунӣ сабаби аз гардиши кишоварзӣ дур мондани заминҳо мебошад. Ҷои пӯшидааш нест, ки корҳои ғайриқаноатбахши ташкили хоҷагидорӣ низ дар ин ҷо ба назар мерасад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!