Тоҷикистон сар аз 1-уми феврал зимни интиқоли як тонна бензин аз Русия дар ҳаҷми 354 доллар боҷи содиротӣ месупорад, ки дар муқоиса бо нишондоди охири соли гузашта 12 доллар арзонтар аст.
Ҳаҷми боҷи содиротӣ барои маҳсулоти рўшани нафтии дигар аз аввали сол наздики 10 доллар коҳиш ёфта, сар аз фардо 259 долларро барои як тонна ташкил хоҳад кард.Қарори дахлдорро дар ин бора Владимир Путин, сарвазири Русия рўзе пеш имзо намуд.
Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегўянд боҷи содиротӣ дар Русия вобаста ба нархи нафт дар ҷаҳон муайян гардида, махсус барои Тоҷикистон кам кардани онро интизор шудан даркор нест.
Шариф Раҳимзода, вазири нави рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон чанде пеш дар гузашти Русия барои Тоҷикистон зимни интиқоли сӯзишворӣ изҳори шубҳа кард.
Ӯ гуфт: «Ман фикр намекунам, ки Русия барои Тоҷикистон боҷи содиротиашро кам мекунад. Бояд коҳиши боҷи содиротии Русияро интизор нашавем. Хоҳем нахоҳем мо ба сӯи нархҳои ҷаҳонӣ рафта истодаем ва зарур аст, ки ба хариди сӯзишворӣ бо нархҳои ҷаҳонӣ омода бошем. Агар қаблан омода мебудем, зуд воридкунандаи дигари сӯзишвориро меёфтем».
Соли гузашта ба Тоҷикистон 440 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 452 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар 84 фоизаш аз Русия ворид гардидаст.
Мӯҳр