Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:38

БИР дар Тоҷикистон ҳудуди 211 миллион $ мабалғгузорӣ кардааст. Дар 16 сол

16 феврал 2012, 05:05

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷа бо Директори намояндагии минтақавии Бонки Исломии Рушд  Ҳошим Толиб Маъруф мулоқот кард.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКХ, зимни нишаст масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд, инчунин имконияти тавсеаи минбаъда муҳокима гардиданд.

Ҷонибҳо масъалаи гузаронидани Панҷумин конфронси минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA V), иштироки ҳайати БИР бо сардории Президенти он Аҳмад Муҳаммад Алӣ дар кори конфронс ва таҷлили иди байналхалқии Наврӯзро муҳокима карданд.

Манбаъ мегӯяд, яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқот – ин иштироки БИР дар лоиҳаҳои калони инфрасохтории Тоҷикистон дар оянда, дастгирии соҳаи бонкӣ, хусусан соҳаи микрокредитӣ ва дастгирии ширкатҳои хурд ва миёна буд. Бояд қайд кард, ки дар соли 2011 маблағи умумии амалиётҳои пазируфтаи гурӯҳи БИР дар Тоҷикистон қариб 211 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Маврид ба ёдоварист, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 ба БИР ҳамроҳ шуда, то имрӯз ин ниҳоди байнулмилалии молӣ ба 44 лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, роҳсозӣ, энергетика ва хоҷагии қишлоқ маблағгузорӣ намудааст. Айни замон Бонки Исломии Рушд дар Ҷумурии Тоҷикистон 17 лоиҳаро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, барқарорсозии сектори энергетикӣ, сохтмони стансияҳои обию барқии хурд дар маҳаллҳо, лоиҳаи интиқоли минтақавии қувваи барқ, таъмин намудани Душанбе бо оби нӯшокӣ, сохтмони роҳи Шоҳон-Зиғар, сохтмон ва таҷҳизонидани беморхонаи байниноҳиявӣ дар ш. Данғара ва барқарорсозии мактабҳои миёна.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!