Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:26

Талбаков: Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ истисно буда наметавонад

21 феврал 2012, 10:31

Дар МН муҳокимаи парламентӣ таҳти роҳбарии Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» баргузор гардид.


Зимнан, дар ин нишаст вакилони ин мақоми олии қонунгузор, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доштанд.Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт,лоиҳаи Қонуни номбурда бо мақсади истифодаи самараноки сарчашмаҳои дохилӣ, яъне пасандозҳои мардум дар рушди иқтисодиёти мамлакат ва дастуру супоришҳои президент таҳия карда шудааст.Таъкид шуд, ки таклифу эрод ва тавсияҳое, ки аз тарафи иштироккунадагони ҷаласаи имрӯза пешниҳод карда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба лоиҳаи Қонуни зикргардида ворид карда мешаванд.

 

Исмоил Талбаков, вакили МН гуфт, тайи 10 соли ахир пасандозҳо ба ташкилотҳои қарзӣ беш аз 32 баробар зиёд гардида, дар соли 2010 ба андозаи 3,3 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бошад, 13,1 фоизро таъмин менамояд. Қариб нисфи онро пасандозҳои аҳолӣ ташкил медиҳад. Натиҷаи ҳамин аст, ки имконияти молиявии ташкилотҳои қарзии ватанӣ хеле беҳтар гардида истодааст. Боиси қаноатмандист, ки ба давраи нимсолаи якуми соли ҷорӣ аллакай маблағи  пасандозҳо ба 3,7 миллиард сомонӣ расидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 зиёд аст.

-Ҷанбаи дигаре, ки зарурати таҳияи лоиҳаи Қонуни номбурдаро  ба миён меорад, ин таҷрибаи ҷаҳони муосир дар рушди муносибатҳои молиявию қарзӣ мебошад, - гуфт Исмоил Талбаков. Ба гуфти ӯ, Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ аз дигаргунҳои молиявию қарзӣ дар арсаи байналмилалӣ берун буда  наметавонад. Ҳанӯз дар солҳои 20-30-юми асри гузашта ҳамкориҳои байналмилалии итиффоқҳои қарзӣ таъсис ёфта буданд. Ҳоло дар 92 давлати дунё  46 616 итиффоқҳои қарзӣ фаъолият доранд ва  дар сафҳои худ қариб  200 миллион аъзоро муттаҳид сохта, сандуқи қарзии онҳо бештар аз як триллион  доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар назди иштирокдорони ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ ҳамчунин, Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфиён, Директори иҷроияи Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Фарҳод Акбаров, Директори генералии ҶСП ТАКХ «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» Нуринисо Рустамова, Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Абдулвосеъ Ҳакимов, Директори иҷроияи фонди қарзии “Боршуд” Муҳаммадрабӣ Ризвонов ва вакилони Маҷлиси намояндагон Амирхон Сафаров, Нодира Турдиматова, Бибидавлат Афзалшоева, Саттор Холов, Маҳмадшариф Нозимов  суханронӣ намуда, фикру андешаҳои худро роҷеъ ба масъалаи муҳикимашаванда иброз доштанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!