Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:45

Ҳушдори ICG ба Тоҷикистон ва идомаи он дар Рейтерс

26 май 2011, 11:49

Бино ба навиштаи хабаргузории Рейтерс  Гурӯҳи байналхалқии бӯҳроншиносӣ (International Crisis Group -ICG), як созмони мустақили ташхисии мустақар дар Брюссел Тоҷикистонро аз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ҳушдор додааст.

ICG кӯшишҳои ахири Душанберо оиди дар шакли дунявият нигоҳ доштани сохтори давлат «лавандӣ» хонда, аз зиндонӣ гардидани теъдоди беш аз 150 нафар бо ҷурми даст доштан дар ҷиноёти вобаста ба «экстремизм»  иттилоъ додаст.

Ҳамчунин, ин созмон сабабҳои сар задани ҷанги дубораи дохилиро дар чанд тасмими охири  Ҳукумати Тоҷикистон, аз қабили  пешниҳоди мавзӯъоти мавъизаҳо ба рӯҳониён, бозгардонидани 100-ҳо нафар донишҷӯён аз донишгоҳҳои исломии хориҷӣ,  манъи пӯшидани рӯсарӣ ва мондани риш, қабули қонуни ҷадиди масъулияти волидон, ки боиси манъи наврасон ба масоҷид шудааст, донистааст.

ICG ба ҳукумати Тоҷикистон шурӯъи мубоҳисоти ошкорои ҷамъиятӣ бо ҳамаи нерӯҳои исломӣ, ки дақиқан ба хотири расидан ба аҳдофи худ ҳатман аз роҳи мусолиматомез кор хоҳанд гирифт, бекор кардани қавонине, ки фаъолияти созмонҳои диниро маҳдуд  мекунад ва мусоидат ба ширкати озодонаи онҳо дар   ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро маслиҳат додааст.

Ҳамчунин коршиносони ин созмон тавсия додаанд, то дар масоили амниятӣ Тоҷикистон бояд аз ҳамкориҳову маслиҳатҳои Чин, Русия ва ИМА истифода намояд.

-Ба ғайри ин миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ шубҳа пайдо шудааст, ки намояндагони баландпояи Тоҷикистон дар назорат ва ҳимояи роҳҳои транзити маводи мухаддири афғонӣ даст доранд,-навиштааст ICG.

Бино ба эътиқоди ин созмон, дар сурати кам накардани фишор болои мусулмонон ва муваффақ нагардидан дар мубориза алайҳи фасод , дар кишвар сар задани ошӯбҳо имконпазир гаштааст.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!