Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:55

Мавлуди пайғамбар дар Кӯлоб бо ширкати раиси ҲНИТ

27 феврал 2012, 06:21

Бо ташаббуси бахши ҲНИТ дар Кӯлоб, рӯзи шанбеи 25-уми феврал мавлуди пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) доир гардид.


Тавре хабарнигори маҳаллии «Озодагон» иттилоъ дод, дар ин маърака, ки дар толори ҷавонони шаҳр баргузор гашт, наздик ба 1000 нафар ширкат доштанд: «Зимнан, дар ин маҳфил, райиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо ҷамъи роҳбарияти марказии ҳизб низ иштирок намуданд».

Ҷамъомад бо қироати порчае аз ояти Қуръони шариф оғоз гардида, сипас олимони дину намояндагон аз рӯзгори он ҳазрат(с) қиссаҳо карданд.  Дар мавлуд намояндагон аз шаҳри Душанбеву навоҳии атрофи он, аз вилояти Суғду Хатлон ва водии Рашт низ даъват гашта буданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки мавлуди пайғамбар- Муҳаммад (с) дар Кӯлоб бо шукӯҳу шаҳомат гузашт, ки ҳатто даҳҳо тан аз милисаҳои маҳаллӣ ба хотири амнияти ҷамъомадагон, аз оғоз то анҷоми маърака атрофи толори ҷамъомадро муҳофизат мекарданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!