Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:06

Қатар дар Душанбе «Диёри Душанбе» ва масҷиди бузургтаринро бунёд менамояд

28 март 2012, 09:20

Зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Алӣ ибни Фаҳд ал-Ҳоҷирӣ масоили ҳамкории рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Тавре ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии президент иттилоъ доданд, нахуст Алӣ ибни Фаҳд ал-Ҳоҷирӣ паёми табрикӣ ва таманниёти самимии Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сониро ба Эмомалӣ Раҳмон расонда, ба сатҳи ташкили конфронси 5-уми РЕККА ва натиҷаҳои он баҳои баланд дод.

 

-Мо ба густариш ва муносибатҳои дӯстона ва тақвияти ҳамкории судбахш бо Давлати Қатар аҳамияти хос медиҳем ва ҳамин гуна бардоштро аз ҷониби давлати Шумо нисбат ба Тоҷикистон эҳсос менамоем», - изҳор дошт зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон.
Дар нишаст изҳори боварӣ карда шуд, ки бо маблағгузории қатарӣ бунёд ёфтани масҷиди бузурги ҷомеъ дар шаҳри Душанбе ва Маҷмааи манзиливу тиҷоратии Диёри Душанбе оғози ҳамкории густурдаи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қатар хоҳад буд.
Ҳамзамон, доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати маъданҳо, бонкдорӣ ва кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорию парвариши занбӯри асал гуфтугӯи судманд сурат гирифт.Тибқи мувофиқоти ҳосилшуда дар нимаи аввали соли равон бояд ҷаласаи нахустини Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ дар Душанбе барпо гардад.
.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!