Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:33

Мактаби президентӣ дар Данғара дари худро боз мекунад

2 апрел 2012, 04:57

Дар ноҳияи Данғара сохтмони як мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат, барои 640-хонанда босуръат идома дорад.

Қурбоншоҳ Абдуллоев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур ба хабаргузории Озодагон гуфт, ба мактаби президентӣ кулли хонандагон ва ҳам устодон тариқи озмун қабул мегарданд ва дар ин озмун сокинони ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳуқуқи ширкат карданро доранд.

Ҳамзамон, дар баробари бунёди мактаб, инчунин сохтмони хобгоҳ барои хонандагон ва устодон идома дорад. Муаллимон дар марҳилаи аввал бо дарназардошти сатҳи оилавӣ, бо хонаҳои 2, 3 ва 4 ҳуҷрадор таъмин гашта,   барояшон қитъаи замин барои бунёди манзили зист дода мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки алъон дар ноҳияи Данғара 68 мактаб, аз ҷумла 41мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, 19 мактаби таълимоти асосӣ, 7 мактаби ибтидоӣ ва 1 гимназия фаъол буда, дар онҳо 1295 муаллим барои 30200 нафар хонанда дарси таълиму тарбия мегузаронанд. Соли 2012-ум дар ҳудуди ноҳия сохтмони 5 мактаби нав дар нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои мудири шӯъбаи маориф, тайи 20 соли ахир дар ин ноҳия 33 мактаби нав сохта ба истифода дода шудааст.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!