Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:46

Тӯфон фаъолияти фурудгоҳро қатъ кард

4 апрел 2012, 08:31

Бар асари силсилаи туфонҳо дар Амрико беш аз 100 ҳавопаймо дар фурудгоҳи Даллас, иёлати Техас тахриб шудаанд.

Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз нақли Форт-Уэрт, намояндаи фурудгоҳ менависад, ки бештари таёраҳо ба ширкатҳои ҳавонавардии American Airlines ва American Eagle мутаалиқ будаанд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар пайи ҳавои номусоид садҳо парвоз мутавақиф шудааст. Торнадо ҳамчунин омили аз фаъолият бозмондани фурудгоҳи дигари Даллас - Лав-Филд шудааст.

Хабаргузориҳо менависанд, туфони шадид нақлиётҳоро ба ҳаво бардошта, боми хонаҳоро хароб кардааст. Дар мавриди қурбониёни ҳодиса маълумоти дақиқ нест. Танҳо аз захмӣ шудани 15 нафар хабар дода шудааст, ки вазъи ду тани онҳо сангин арзёбӣ мешавад. Дар ИМА оғози баҳор мавсими тӯфонҳои харобиовар дониста мешавад. Моҳи марти соли равон силсилаи тӯфонҳо дар штати Ғарби Миёна дасти кам ҷони 40 нафарро гирифт.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!