Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 17 август 2017, 08:49

«Ӯзбакистон талош дорад, вазъиятро дар Тоҷикистон муташанниҷ намояд»

5 апрел 2012, 06:15

Ассомуддин Саидов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон аз кишварҳои ҳамсоя даъват кардааст, ки дар ҳалли низои Душанбеву Тошканд кӯмак расонанд.


Ин матлабро ҷаноби Саидов имрӯз, 5 апрел зимни суханронӣ дар нишасте бо журналистон дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон изҳор доштааст. Хабаргузории CA-News менависад, сафири тоҷик гуфтааст, Ӯзбакистон бо амалҳои худ талош дорад, вазъиятро дар Тоҷикистон муташанниҷ намояд.


«Идомаи вазъияти мавҷуд дар оянда метавонад ба шароити мардуми Тоҷикистон таъсири хело манфӣ гузошта, сабаби бӯҳрони иҷтимоӣ гардад»,-илова кардааст сафир.


Ба қавли Ассомуддин Саидов новобаста ба талошҳои Тоҷикистон барои рушд ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳалли мушкилоти вазнин дар муносибатҳои байнидавлатӣ роҳбарияти Ӯзбакистон аз фишорҳои пайвастаи иқтисодӣ кор мегирад, то роҳбарияти Тоҷикистонро ба тасмимгириҳои барои онҳо зарур маҷбур созанд.


Ёдовар мешавем, аз ин пештар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия низ бо забонҳои русӣ ва англисӣ баёнияе нашр кард, ки дар он аз вазъи ба амаломада дар муносибатҳои Душанбе ва Тошканд изҳори нигаронӣ мешуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!