Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:33

111 шумораи «Бухорои шариф» дар китобхонаи миллӣ

10 апрел 2012, 05:41

Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо 111 шумораи электронии рӯзномаи «Бухорои шариф» ғанӣ гардид.

Нусхаҳои электронии аввалин рӯзномаи сирф тоҷикиро аз китобхонаҳои Ҳоланд ва Ӯзбакистон овардаанд. Носирҷон Салимов, сарвари китобхонаи миллии Тоҷикистон ба Озодагон гуфт, 72 шумораи «Бухорои шариф» аз китобхонаи Маркази пажуҳишии шаҳри Амстердам ва боқимонда аз китобхонаи шаҳри Тошкант ва Бухорои Ӯзбакистон дастрас шудааст: «Ин кор бо кӯмаки Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон амалӣ шуд. Бархе аз нусхаҳои рӯзномаи аз Тошканту Бухоро дастрасшуда такрори шумораҳои Ҳоланд низ ҳаст». Ба қавли Носирҷон Салимов онҳо қасд доранд, дар оянда шумораҳои «Бухорои шариф»-ро аз хати форсӣ ба крилик баргардон карда, пешниҳоди хонанда намоянд. «Бори аввал аст, ки ин миқдор нусхаи зиёди «Бухорои шариф» ба Тоҷикистон оварда мешавад»,-афзуд номбурда.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!