Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:20

Суғд рӯзи Ғалабаро ҷашн мегирад

11 апрел 2012, 05:29

Тибқи қарори раиси вилояти Суғд  бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни ҷанг, посдории хотираи шаҳидон  ва тарбияи наслҳои ҷавон  дар рӯҳияи ватандӯстӣ  санаи 9 майи соли 2012  67 - солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қаламрави вилояти Суғд ботантана таҷлил карда мешавад.

Ҳайъати  кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар он оро додани шаҳру деҳоти вилоят бо шиору овезаҳо, аёдати  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони барҷомонда ва оилаҳои сарбозони ҳалокгашта, ташкили мулоқотҳо бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, баргузор намудани ҳашарҳо дар оромгоҳҳо, муҷассамаҳои ба хотири шаҳидони ҷанг гузошташуда, гузаронидани ҳафтаи «Поси хотир», ташкили мусобиқаҳои варзишӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар аст.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!