Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:06

Бадахшон: 73 мактаб дар панҷ сол бунёд шудааст

31 май 2011, 06:21

Ҷаласаи навбатии ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе сурат пазируфт.

Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд,нишасти мазкур бо баррасии масъалаи кадрҳо ва тасдиқи нақшаи кори хукумати ҷумҳурӣ дар нимсолаи дуюми соли 2011 оғоз ёфт.

Зимнан, ҳисоботи вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба раванди иҷрои қарорҳои ҳукумат дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ шунида шуд.   Президент дастур дод, ки иҷрои пурраю саривақтии қарорҳои марбута доир ба муҳоҷирати дохилӣ ва экологии аҳолӣ бо бунёди шаҳраку деҳаҳои муосири дорои инфрасохтори зарурӣ дар саросари кишвар таъмин карда шавад.

Қодири Қосим, райиси вилояти МКБ доир ба рафти иҷрои барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар давраи то соли 2015 ҳисобот дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки аксари нишондодҳои барномаи мазкур бо пешравӣ аз нақшаи тасдиқшуда, амалӣ мешаванд. Дар 5 соли татбиқи барнома дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 26 ҳазору панҷсад ҷойи корӣ муҳайё гардидааст. Натиҷаҳо аз ҳама бештар дар соҳаи агросаноатӣ ба назар мерасанд, зеро ҳаҷми истеҳсолот дар ҳамаи бахшҳои ин соҳа дар соли 2010 нисбат ба нишондодҳои дар барнома муайяншуда аз 12 то 81% зиёд иҷро шудаанд. Дар зарфи 5 сол дар вилоят 73 мактаб бунёд ёфта, 12 мактаби дигар дар ҳоли сохтмон қарор доранд. Ҳамин гуна пешравиҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла саноат, нақлиёт, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ғайра ба назар мерасанд.

Зимнан, президент таваҷҷӯҳи ҳозиринро, ҳамчунин ба ҳифзи бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути таъмини фаровонию арзонӣ, истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, барқу газ ва дигар навъҳои сӯзишворӣ ҷалб намуда, ба масъулин  супоришҳои мушаххас дод.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!