Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:45

Молҳои Хитой, Франсия, Олмон, Эрон ва Туркия дар «Кохи Борбад» намоиш дода мешавад

25 апрел 2012, 05:05

Рӯзҳои 26-27-уми апрел дар бинои «Кохи Борбад»-и пойтахт намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ-тиҷоратӣ бо иштироки беш аз 20 ширкати хориҷӣ баргузор хоҳад шуд.


Тавре аз Палатаи савдо ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, мақсад аз ташкили ин намоишгоҳ роҳандозии ҳамкориҳо миёни ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва дар ин замина ба вуҷуд овардани сармоягузорҳои мустақим ва ноил шудан ба рушди иқтисод мебошад.

Дар назар аст, зимни намоишгоҳи мазур масолеҳи сохтумонӣ, хоҷагии қишлоқ, озуқа, мебел ва ғайра ба  маърази тамошо гузошта шаванд. Манбаъ мегӯяд, дар ин намоиш асосан  кишварҳои хориҷӣ аз қабили давлати  Хитой, Франсия, Германия, Эрон ва Туркия молу маҳсулоти худро ворид мекунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!