Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:16

Доғистон фардо мотам мегирад

4 май 2012, 11:53

5-уми май дар қаламрави Доғистон ба хотири қурбониёни ду таркиш дар Махачқалъа рӯзи мотам эълон шудааст.

Тибқи хабарҳои охирин дар пайи инфиҷорҳо дар постгоҳи пулис 11 нафар кушта ва  87 тани дигар ҷароҳат бардоштааст. Қаблан, аз фавти 13 нафар ва захмӣ шудани 122 кас хабар расида буд. Теъдоди аъзами зарадидаҳо кормандони пулис ва ниҳодҳои ҳолатҳои изтирориянд.
Ёдовар мешавем, таркиши аввал дар дидбонгоҳи «Аляска-30» дар шоҳроҳи Махачқалъа-Астрахан, баромадгоҳи марказии Доғистон ба сӯи кишвари Ставропол соатҳои 22-и шаб ҳангоми муоинаи сабукрави Lada Priora рух дод. Бино ба маълумоти мақомоти зидди терорристии Русия ҳаҷми маводи тарканда ба 30 кг тратил баробар будааст.
Баъди чанд дақиқа вақте ба ҷои ҳодиса кормандони хадамотҳои амниятиву наҷотрасон ҳозир шудаанд, таркиши дуввум ба вуқӯъ пайвастааст. Тибқи иттилои расида, террористон нақлиёти Газелро пештар дар назди бошгоҳи пулис барои таркиш омода кардаанд. Инфиҷори дуюм аз таркиши аввал ба ҳаҷми 50 кг тратил бузургтар будааст.
Бино ба иттилои Абдурашид Муҳаммадов, вазири корҳои дохилии Доғистон таркишҳоро пайравони «Гурӯҳи Махачқалъа» анҷом додаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!