Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:15

Милиса бо гумони суиқасд ба куштор ду ҷавонро дастгир кард

10 май 2012, 12:25

Султонмурод Неъматуллоев ва Беҳрӯз Набиев аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иттиҳоми суиқасд ба куштор боздошт шудаанд.

Тавре аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ин ду нафар, ки яке 16 ва дигарӣ 18 сол доранд рӯзи 9-уми май, соати 23-и шаб бо роҳи шикастани қулфи дари мағозаи «Нозанин» вориди он мешаванд. «Соҳиби мағоза тавассути камера ин амали онҳоро мушоҳида намуда, фарзандони ноболиғаш Абдурауф ва Абдумалик Раҳимовҳоро барои дастгир кардани онҳо ба ёрӣ ҷеғ мезанад. Дар вақти дастгир намудан як нафарашон бо корди хоҷагӣ 2 маротиба ба қафаси сина ва 1 маротиба ба пои чапи рости Абдумалик зада аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Дар натиҷа Абдумалик ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба меборхона интиқол мешавад»,-афзуд манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!