Парвиз бо сабаби он, ки дар мусобиқаи ниҳоии тахассусӣ барандаи медали нуқра гардид тавонист ҷойи Муҳаммад Абдураҳмоновро иваз намояд. Ӯ дар Олимпиадаи Лондон дар вазни 91 кило ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Ҳамин тариқ теъдоди барандагони роҳхати Бозиҳои олимпи ба 12 нафар расид. Ба ғайр аз дзю-дочиён ҳамчунин Дилшод Назаров дар намуди гурзпартоӣ, Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсупов ва Николай Ноев дар намуди гӯштии тарзи озод, Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов дар риштаи Таэквондо ВТФ, Чаҳон Курбонов, Анвар Юнусов ва Собирчон Назаров дар намуди бокс соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпӣ маҳсуб мешаванд.
Ҳамчунин як умеди дигар ба Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик аст, ки қарор аст, имрӯз дар Чин қувваозмоӣ кунад. Мавзуна Чориева ҳамроҳ бо Матлуба Каримова дар сабқати VII-уми қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон ширкат доранд. Ин мусобиқа то 19-уми май дар шаҳри Тсинхуандаои Чин идома хоҳад кард.
Мӯҳр« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |