Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 30 апрел 2017, 00:24

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Санкт-Петербург рафт

15 май 2012, 03:57

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Санкт-Петербург рафт. Дар ин бора ба Озодагон Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ хабар дод.


Ба иттилои номбурда субҳи имрӯз ҳайтаи парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев барои иштирок дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ, кори комиссияҳои доимии он, инчунин чорабиниҳои Ассамблеяи бай­нипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, Ассамблеяи Пар­ламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Конгресси панҷуми байналмилалии экологии Нева ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар кард.

Дидори Маҳмадсаид Убайдуллоев аз шаҳри Санкт-Петербург дар доираи иштирок дар чорабиниҳои зикргардида аз 15 то 20 майи соли 2012 идома меёбад.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!