Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:58

Ҷоиза ба санъаткори тоҷик-Толибхон Шаҳидӣ

16 май 2012, 10:32

Толибхон Шаҳидӣ оҳангсози машҳури тоҷик яке аз фарзандони шодравон Зиёдулло Шаҳидӣ  дар Русия сазовори медали тилло гардид.

Тавре духтари Зиёдулло Шаҳидӣ, профессор Мунира Шаҳидӣ ба «Озодагон» иттилоъ дод, Толибхонро барои саҳм гузоштанаш дар мусиқии имрӯз сазовори чунин ҷоиза донистанд.

Гуфта мешавад, ки ин аввлин ҷоизаи байналмилалии дараҷаи аввал аст, ки ба композитори тоҷик Толибхон Шаҳидӣ супурда шудааст. Айни ҳол номбурда ҳамчун композитор дар шаҳри Москави федератсияи Русия ба эҷодиёт машғул аст.

Лозим ба ёдоварист ду рӯз қабл, 14-уми май 98-умин солгарди падари бузургвори Толибхон-  маъруфтарин санъаткори тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ дар осорхонааш, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ҷашн гирифта шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!