Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:41

Вазир «дружиначиёни ихтиёри»-ро ба мубориза бо ҷинояткорӣ талқин кард

18 май 2012, 04:41

Дар Кохи «Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе аввалин «Анҷумани дружиначиёни ихтиёрӣ» сурат гирифт.

Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ зимни суханронӣ дар ин анҷуман гуфтааст, ки ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимоя ҳуқуқу озодии мардум ва манфиатҳои миллӣ қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар фарди ин сарзамин мебошад. «Мақомоти корҳои дохилӣ низ яке аз таъминкунандагони асосии тартиботи ҷамъиятӣ ва низому осоиш дар рӯзгори одамон ба шумор меравад, ки дар сафҳои он ҳазорон нафар ҷавонмардони шӯҷои Ватан тӯли чандин даҳсолаҳо заҳмат кашида, дар ҳама давру замон баҳри таъмини адолати иҷтимоӣ ва пешгириву ошкорӣ ҷинояткорӣ талош варзида, садҳо нафари онҳо дар роҳи ҳақиқат ва таъмини оромиву осоиштагии ҳамватанони худ дар сарзамини аҷдодии хеш ҷони худро нисор намудаанд»,-афзудааст генерал-лейтенанти милиса.

 

Бино ба иттилои манбаъ Рамазон Раҳимов  ҳамчунин қайд намудааст, ки дар баробари ин родмардон дар ҳама давру замон, нафароне буданд, ки бе оне ки либоси низомӣ дар бар дошта бошанд, ҳамчун наврасону ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст ва ҳақиқатҷӯ, ҳомиёни низому тартибот аз даврони ташкилшавии милиса бо номи «дружиначиёни ихтиёрӣ» фаъолият менамуданд, ки новобаста аз касбу кори гуногун доштанашон, хонандагони мактабҳои миёна, донишҷӯ, коргару мутахассисони заводу фабрикаҳо, муаллим, ронанда, муҳандис ва умуман даҳҳо касбу кори дигар дар лаҳазоти душвор дар баробари кормандони милиса бо ҷинояткориву қонуншиканӣ мубориза бурда, дар ҷашну маросимҳо, чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва маракаҳои умумумиллӣ тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамуданд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!