Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:11

"Хеш"- и вазири корҳои дохилиро боздошт карданд

23 май 2012, 06:31

Ронандае, ки худро яке аз «наздикони вазири корҳои дохилӣ» муаррифӣ мекард, дастгир шуд.

Дар пайи як амалиёти вижаи кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт Шералӣ Шарипов, сокини шаҳри Душанбе, ки бо автомашинаи шахсиии тамғаи «Опел» дар хатсайри рақами 8, дар кӯчаи марказӣ ба мусофиркашӣ машғул аст ва худро бардурӯғ яке аз наздикони вазири корҳои дохилӣ муаррифӣ намудааст, дастгир карда шуд.

Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, зимни боздошт аз тарафи нозирони роҳ номбурда ба телефони боварии ВКД 221-21-21 нотарсона занг зада, таҳдид мекунад, ки нозирони роҳ ӯро боз доштанд ва агар дарҳол ҷавоб надиҳанд ба роҳбарияти ВКД занг мезанад. Дар натиҷа маълум гардид, ки номбурда дар хатсайри рақами 8 ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул буда, аз сабаби надоштани ҳуҷҷатҳои лозимӣ бо суханони бардурӯғ мехостааст аз ҷазои маъмурӣ наҷот ёбад.

Бино ба иттилои манбаъ,  бо супориши махсуси вазири корҳои дохилӣ аз тарафи нозирони роҳ ва дигар сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҳамарӯза барои ошкор кардани ронандагоне, ки ба қоидавайронкунӣ роҳ медиҳанд рейдҳои муштарак гузаронида шуда истодааст. Қоидавайронкунандагон новобаста аз мансаб, ҷои кор ва вазифа ба ҷавобгарии  маъмурӣ кашида мешаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!