Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:12

Дар Тоҷикистон 300 ҳазори дигар ба истифодаи интернет пардохтаанд

25 май 2012, 12:09

Тибқи иттилои оморӣ теъдоди истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон ба ҳолати аввали моҳи апрели соли ҷорӣ 2 миллиону 100 ҳазор нафарро ташкил додаст, ки дар муқоиса бо рақамҳои аввали сол 300 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Рафиқҷон Шокиров, муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон теъдоди истифодабарандагони интернетро дар кишвар бо назардошти алоқаи мобилӣ 1 миллиону 800 ҳазор нафар арзёбӣ карда буд. Шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ ба ҳолати 1-уми январи соли ҷорӣ дар кишвар ба иттилои Хадамот 6,5 миллион нафар буд.

Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон таи семоҳаи аввал ҳудуди 1,2 миллион нафар зиёд шуда, акнун 7,7 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки тақрибан аз шумораи умумии аҳолии кишвар ҳам зиёдтар мебошад.

Манбаъ аз Хадамоти алоқа фаҳмонд, ки бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон 2 ва 3 кортӣ доранд ва  ҳар симкорт дар алоҳидагӣ ҳамчун абоненти алоқаи мобилӣ ҳисоб карда мешавад.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!