Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:16

Тоҷикистон дар баробари дефолти ИМА оҷиз аст

11 июн 2012, 08:50

Бархе аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопону Чин сар аз аввали моҳи ҷорӣ зимни амалиёти тиҷорию молии байниҳамӣ аз истифодаи доллар даст кашида, ба корбарии асъори миллиашон пардохтаанд.

Константин Бондаренко, сардори Маркази бозори озоди Тоҷикистон дар шарҳи раванди дасткашӣ аз доллар онро падидаи муқаррарӣ арзёбӣ намуд. Вай мегӯяд:
«Қарзи хориҷии Иёлоти муттаҳидаи Амрико хеле зиёд шуда истодааст. Имкон дорад, ки ояндаи наздик ИМА аз ӯҳдаи хизматрасонии қарзи хориҷиаш набарояд ва дефолт эълон намояд. Дар ҳамин шароит кишварҳои дигари абарқудрати иқтисодиёти ҷаҳон кӯшиш доранд, манфиатҳои худро ҳимоя намоянд, таҳдидро барои иқтисодиёташон коҳиш дода, ба истифодаи асъори худӣ пардозанд».
Дар мавриди таъсири дефолти имконпазири ИМА ба иқтисодиёти Тоҷикистон, Константин Бондаренко афзуд, ки ҳатман зарар хоҳад дошт:
«Ҳар раванди манфӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон ба Тоҷикистон таъсир дорад, чун кишвари мо аз хориҷа вобастагии калон дорад. Ба делели иқтисодиёти кӯчак Тоҷикистон дар баробари таҳдиду хатарҳои берунӣ оҷиз аст».
Дар ҳоли ҳозир нақши доллар дар иқтисодиёти Тоҷикистон бузург баҳогузорӣ мешавад. Таи моҳи май арзиши як доллар зимни харид дар нуқтаҳои мубодилаи асъор аз 4,82 сомонӣ то 4,88 ва зимни фурӯш аз 4,84  то 4,9 сомонӣ боло рафта, то ҷое ба гаронӣ дар бозори молу маҳсулоти дигари Тоҷикистон мусоидат кардаст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!