Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:34

А. Раҳмонов: «Ҳукумати маҳаллӣ ба Шӯрои ВАО эътимод дорад»

11 июн 2012, 10:21

«Меъёрҳои ахлоқӣ ва касбии журналистӣ», таҳти чунин унвон ба ибтикори Шўрои ВАО-и Тоҷикистон дар  шаҳри Кӯлоб ҳамоише баргузор гардид.

Тибқи иттилои Дабири кулли Шӯрои ВАО Хилватшои Маҳмуд дар чорабинии мазкур аъзоёни шӯро Иброҳим Усмонов ва Қироншоҳ  Шарифзода ширкат варзида ба суолу дархостҳои иштирокчиён посух  гуфтанд.
Аз  ҷумла қайд  гардид, ки Шӯрои ВАО баргузории якчанд чорабиниҳоро дар  манотиқи мухталифи кишвар ба нақша гирифта дар  Душанбе, Панҷакент ва  Суғд низ  баргузор мекунад. Ҳамзамон  дар  нишаст қайд гардид, ки Шӯрои ВАО ниҳоди танзимкунанда оид ба фаъолияти касбӣ ва меъёрҳои ахлоқии журналистӣ буда қарору санадҳои қабулшаванда аз  сӯи ин  ташкилот характери тавсиявӣ дорад. «Шӯро кӯшиш мекунад, ки  баҳсҳои ба миёномадаро дар  расонаҳо ва ҷомеаи журналистӣ то ба додгоҳ нарасонида, дар дохили ҷомеаи журналистӣ ҳаллу фасл намояд» гуфт аъзои шӯро Иброҳим Усмонов.
Маврид  ба ёдоварист, ки  қабл  аз  баргузории ин  чорабинӣ аъзоёни Шӯрои ВАО-ро раиси шаҳри Кӯлоб Абдулғафор Раҳмонов ба ҳузур  пазируфт. Ба гуфтаи ӯ ба фаъолияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки Шӯрои ВАО аз  қабили онҳост ҳукумати  маҳаллӣ эътимод дорад.
Дар  ин семинар  беш аз  50 нафар, аз  ҷумла донишҷӯён, устодони донишгоҳ, шаҳрвандон, журналистони маҳаллӣ, намояндагони мақомоти маҳаллии шаҳри Кӯлоб ширкат доштанд.



 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!