Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 май 2017, 23:48

Тоҷикистон мехоҳад аз Туркманистон бештар маводи нафтӣ дарёфт кунад

7 июн 2011, 05:49

Баррасии масоили тиҷориву иқтисодӣ ва илмиву фаннӣ аз мавзӯъҳои аслии матрӯҳа дар ҷаласаи сеюми комиссияи байнихукуматии Тоҷикистону Туркманистон аст. Ҳамоиши мазкур фардо дар шаҳри Ашқободи Туркманистон оғоз шуда, то 9-уми июн идома хоҳад кард.

Аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, ки субҳи имрӯз ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи мазкур як гурӯҳи корӣ аз кишвари мо ба Ашқобод сафар намуд. Ба иттилои манбаъ дар ҷаласаи сеюми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон ҳамчунин имзои як протаколи нав ҳам дар назар аст. Тибқи иттилои расмӣ дар ин ҷаласа афзоиши содироти маводи нафтии Тукманистон ба Тоҷикистон низ матраҳ мегардад. Лозим ба ёдоварист Туркманистон яке аз кишварҳои содиркунандаи нафт ба Тоҷикистон ба шумор меравад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!