Бахшҳо

Э.Раҳмон: Роҳҳои Ишкошим ва мактабу бемористонҳои ин ноҳия обод шаванд!

Имрӯз, 29-уми июн дар Душанбе таҳти раёсати президенти кишвар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Тоҷикистон сурат пазируфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур пас аз тасдиқи нақшаи кори ҳукумати барои нимсолаи дуюми соли равон, ки масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис буд, ҳисоботи Вазири кишоварзӣ дар бораи татбиқи амалии Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ барои солҳои 2007-2015 шунида шуд.     
Бино ба қавли Қосим Қосимов, то қабули барномаи мазкур дар Тоҷикистон 8 корхонаи паррандапарварӣ бо 495 ҳазор сар парранда фаъолият карда, солона ҳамагӣ 24 миллион дона тухм истеҳсол мекарданд. Ҳоло шумораи корхонаҳои паррандапарварӣ ба 18 адад расида, ки 9 -тоашро соҳибкорони инфиродӣ бунёд намудаанд. Дар ин корхонаҳо зиёда аз 1,5 миллион парранда парвариш меёбад. Соли 2011 онҳо 151 миллион дона тухм истеҳсол намуданд
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам зиёд намудани шумораи корхонаҳои паррандапарварӣ, саршумори парранда ва истеҳсоли маҳсулоти он, пурра таъмин намудани бозори дохилӣ ва ба роҳ мондани содирот ба хориҷи кишвар ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дод.
Пас аз шунидани ҳисоботи райиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ, президент ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини вилоятию ҷумҳуриявӣ доир ба ривоҷ додани ободонии ин ноҳияи  кӯҳистон, аз ҷумла навсозии роҳҳои маҳаллӣ, тармими мактабу бемористонҳои тармимталаб, рушди минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим, муҳайёсозии шароити зарурӣ барои ҷалби бештари сайёҳон, таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоию сӯзишворӣ ва дигар корҳои муҳим дастуру ҳидоятҳо дод.
Ҳамчунин дар ин нишаст доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи якуми соли равон, суръат бахшидан ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва ривоҷ додани кишти такрорӣ, сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда ва омода кардани варзишгоҳҳо ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё дода шуд. Таъкид гардид, ки нақби Шаҳристон бо роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок бояд моҳи сентябри соли равон пурра ба истифода дода шавад ва дар ҳамин вақт навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент оғоз ёбад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)