Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:41

Лату кӯби милиса бо санг ва болға

4 июл 2012, 07:18

Як гурӯҳи ҷиноякорон корманди ҳифзи ҳуқуқи пойтахтро  бо истифода аз санг ва болға лату кӯб намуданд.

Тавре аз ВКД ба Озодагон хабар доданд, санаи 29-уми июни соли равон як гурӯҳи ҷиноякорон дар кӯчаи Р. Набиеви пойтахт сержанти милитсия Назриев А. корманди ШКД дар ноҳияи Шоҳмансурро бо мақсади тасарруф намудани маблағҳои пулӣ ба миқдори 2000 доллари амрикоӣ, ки қаблан аз ин маблағ огаҳ будаанд, бо истифода аз санг ва болға мавриди лату куб қарор додаанд, ки ӯ ҷароҳати сахти ҷисмонӣ бардоштааст.
Дар пайи амалиёти кормандони  ҳифзи ҳуқуқ содиркунандагони  ҷиноят Рустам Адилов 34 сола, сокини кӯчаи Р. Набиев ва Қурбон Давлатов 28 сола, сокини кӯчаи Ломоносови шаҳри Душанбе дастгир карда шудаанд.
Феълан нисбати ин ду гумонбар тибқи моддаи 249 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон парванда боз гашта мавриди тафтиш қарор дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!