Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:41

Талабот ба «тоҷикӣ» дар бозори забономӯзӣ кам аст. Чаро?

16 июл 2012, 05:22

Қариб дар ҳамаи марказҳои забономӯзии пойтахт, ки шумораашон рӯз ба рӯз зиёд мегардад, таълими забони тоҷикӣ пешбинӣ шудааст.

Аммо пурсишҳо нишон доданд, ки амалан таълими забони тоҷикӣ дар ин марокиз сурат нагирифта истодааст. Сабабашро масъулини марказҳо ба набудани хоҳишмандон рабт медиҳанд.
Гуфтанист, дар замони муосир, муносибат ба забономӯзӣ, аз рӯи меъёрҳои бозорӣ сурат мегирад. Мардум пеш аз он, ки маблағ ва нерӯи худро сарфи омӯхтани ин ё он забон кунанд, имкониятҳоеро мебинанд, ки баъд аз худ кардани он ба даст меоранд. Мақсад аз забономӯзии мардуми аксаран камбизоати Тоҷикистон, беҳ намудани аҳволи моддию мавқеи иҷтимоӣ аст. Аз худ кардани баъзе забонҳо имкониятҳои нав мекушоянд. Аз ҷумла омӯхтани забони русӣ ба мардикорҳои сершумори тоҷик имкони кору ҳаёти беҳтарро дар Русия ва кишварҳои ИДМ фароҳам меорад. Омӯхтани забони анлисӣ роҳро ба созмонҳои гуногуни байналмилалӣ мекушояд, ки маошу шароити беҳтари корӣ доранд. Донистани забони чинӣ, дар шароити рушди рӯзафзуни муносибатҳои иқтисодӣ бо Хитой, кори тоҷиронро осон мекунад.
Аммо ташаббусҳои охири амсоле, ки минбаъд дар интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вазифа таъин кардани роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилотҳо сатҳи  донистани забони давлатӣ ба инобат гирифта мешавад, ба гуфтаи таҳлилгарон сафи хоҳишмандонро барои аз худ кардани забони адабии тоҷикӣ метавонад, зиёд намояд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!