Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:05

Президентро ба Лондон-2012 роҳ надоданд

25 июл 2012, 10:09

Александр Лукашенкоро барои ширкат дар маросими ифтитоҳи бозиҳои Олимпии Лондон роҳ надоданд. Чунин қарорро Кумитаи тадорукоти ин бозиҳо қабул кардааст.

Гуфта мешавад ин тасмими Кумитаи тадорукот дар пайи як интиқоди Лукашенко, ки бозиҳои олимпиро “сиёсатолуда” номида буд, сурат гирифтааст. Аз сӯи Мински расмӣ ҳанӯз ба ин тасмими масъулини Кумитаи байналхалқии олимпӣ ҷавобе сурат нагирифтааст.    
Аммо бо вуҷуди бозиҳои олимпиро “сиёсати ифлос” номиданаш Лукашенко, президенти Белорус, аз варзишгарони кишвараш тақозо кардааст, то ҳарчӣ бештар нишонҳои ин сабқатро ба даст биёранд. Ӯ зимни гусели варзишгарон гуфтааст, “барои мо муҳим ширкат нест, барои мо муҳим ғалаба аст”. Президент Лукашенко, ҳамзамон президентии Кумитаи олимпии Белорусро ба ӯҳда дорад.
Маврид ба ёдоварист, дар нисбати Лукашенко таҳрими вуруд ба кишварҳои аврупоӣ барои фасодкориҳо дар интихобот ва пайгирии мухолифини сиёсиаш роҳандозӣ, ӯ ва як қатор мансабдорони ин кишвар ба “рӯйхати сиёҳ”-и Иттиҳоди Аврупо шомил карда шудаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!