Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:38

Кашфу мусодираи 3 кило нашъа дар пойтахт

31 июл 2012, 05:09

Дар пайи амалиёти кормандони АНМН дар ҳудуди шаҳри Душанбе як миқдор маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.

Тавре аз агентии мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан  дар қочоқи нашъа автомашинаи тамғаи «Тико», таҳти идораи шаҳрванди 37- солаи кишвар манъ карда шуд. Дар вақти азназаргузаронии автомашина аз дохили он ду халтачаи селофанӣ ёфт ва мусодира карда шуд, ки дар даруни якеи он воситаҳои алафмонанди ранги сиёҳу сабзчатоби бӯи махсус дошта  ва дар дигараш маводи кулӯхчамонанди сафеду зардчатоб ҷойгир карда буданд.
Манбаъ илова намуд, ки ташхиси судии Агентӣ муайян кард, ки маводи мусодирашуда навъи героин дар ҳаҷми 1 килограмм  ва қариб 2 килограмм  ҳашишро ташкил дод.   
Феълан, аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200, кодекси ҷиноии  Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми ниҳоят калон) парвандии ҷиноятӣ оғоз карда шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!