Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:33

Дан бо Раҳимзода масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистону ХБА-ро баррасӣ карданд

1 август 2012, 12:15

Вазъи умумии иқтисодиёт ва дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон аз мавзӯи меҳварии мулоқоти Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии ҷаноби Ҷонатан Данн маҳсуб гардид.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, аснои нишаст масъалаи ҳамкории  Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ХБА мавриди баррасӣ қарор гирифт: «Аз ҷумла қайд гардид, ки аз рӯи барномаи қаблии ҳамкорӣ пешравиҳо ба назар мерасанд ва имконияти тақвияти ҳамкорӣ дар таҳия ва татбиқи барномаи нав мавҷуд аст».
Ҷаноби Ҷонатан Данн оид ба вазъи умумии иқтисоди Тоҷикистон, омилҳои пешрафт ва боздорандаи рушди иқтисодӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошта, аз масъулин масъалаи дурнамои рушди иқтисоди ҷумҳурӣ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар ду-се соли оянда, иқдомҳое, ки дар ин самт ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо амалӣ менамоянд, пурсон шуд.
Дар робита ба ин вазири рушди иқтисод ва савдо  ба намояндагони ХБА иттилоъ дод, ки дар маҷлиси навбатии ҳукумати кишвар «Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» қабул шуд, ки он рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дар ин давра таҷассум менамояд.
Манбаъ мегӯяд, тарафҳо оид ба лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав, вазъи молиявию бонкии кишвар, сохтмони иншоотҳои азим ва хурди энергетикӣ, аз ҷумла НБО-и Роғун, ҷараёни таҳияи Стратегияи нави беҳтаркунии сатҳи зиндагии аҳолӣ барои солҳои 2013-2015 таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!