Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:33

Филм дар бораи Билоли Ҳабашӣ. Муаззини Паёмбар (с)

7 август 2012, 06:04

Зиндагии Билоли Ҳабашӣ,муаззини Паёмбари Акрам(с) дар қолиби сериале таҳти унвони "Импротури ишқ" дар ширкати "Симофилм" сохта мешавад.

Саидҷалоли Човушиён,таҳиякунандаи эронии ин маҷмӯъа гуфтааст,ки ин   сериал ба коргардонии Беҳзоди Беҳзодпур дар ду фасли ҷудогона тарроҳӣ шуда,ки фасли аввал дар қолиби як минисериали 5 қисматӣ аст ва ҳамчунин як телефилм ба зиндагии волидайни ин муаззини шаҳири таърихи Ислом мепардозад.Дар фасли аввал шоҳиди шикасти сипоҳи Абраҳа, бародарзодаи ӯ,ки зане зебо ва шоҳзодаи дарбор аст,асир мешавад ва раиси қабилаи пирӯз барои таҳқири лашкари шикастхӯрда тасмим мегирад ин шоҳзодаро ба канизии зишттарин ғуломи сиёҳпӯсти худ дароварад ва аз ӯ мехоҳад,ки ниҳояти заҷру таҳқирро  дар ҳаққи ӯ раво бинад,аммо зан дар сояи каромати барда ошиқи ӯ шуда ва бо ҳам издивоҷ мекунанд,ки ҳосили ин издивоҷ кӯдакест,ки номи ӯро Билол мегузоранд.
Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи таҳиякунандаи филм марҳалаи пешсохти сериал тамом шуда ва онҳо ба қисми дуюми сохти он шурўъ кардаанд. Ба гуфтаи Човушиён фасли дуюми кор низ ба зиндагӣ ва муборизаҳои ин саҳобаи вафодори Паёмбар(с) хоҳад пардохт.









Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!